Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси тарбиявӣ

Дарси тарбиявӣ

Санаи 21 апрели соли равон дар гурӯҳи академии ихтисоси 1-96010102-таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили об» таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Мираков Қ.М. баргузор гардид. Дар ҷамъомад устодони кафедра Шомудинов О.Д., Иброҳимов Ҷ.Н. ва Абдуллоев С.И. штирок намуданд. 
Дар аввал ҷамъомадро сарпарасти гурӯҳ дотсент Мираков Қ.М. оғоз намуда, қайд карданд, ки ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. 
Сипас донишҷӯи гурӯҳ Саидмуминова Гуланор дар мавзӯи «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили об» баромад намуда, қайд кард, ки маҳз об аст, ки тамоми соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, аз воситаи ғизо то инкишофи иқтисодиву саодати ӯ, аз покизагиву сиҳатӣ то ғизои маънавӣ ва оғозу равнақи фарҳангии вай маънӣ мебахшад ва ба рушди он мусоидат менамояд. Аммо мушкилот он аст, ки дар замони ҳозира дар ҷаҳон хавфи кам шудани оби ошомиданӣ ва нокифоя будани он барои инсоният, ифлосу заҳролудшавии захираҳои обӣ хело босуръат идома дорад. Бе нарх будан ва истифодаи бехирадонаи об ба он оварда расонидааст, ки дараҷаи тоза будани он паст гардида, на фақат саломатии одамон, балки мувозинати экологии биосфера низ коҳиш ёфта истодааст. 
Мувофиқи ахбори расонаҳои гуногун ҳоло дар сайёра тақрибан 1 млрд. аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанду 2,5 млрд. нафар оби пурра тозанакардаро истеъмол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки мушкилоти зикршуда хусусияти умумибашарӣ доранд ва бояд аз ҷониби омма бо иштироки васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаллу фасл гарданд. 
Аз ин рӯ, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масоили об, чи дар сатҳи миллӣ ва чи сатҳи минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати стратеги хеш истифодаи оқилонаи захираҳои оборо дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ нигаронидааст, ки дар ҳалли проблемаҳои минтақавӣ, аз ҷумла таъмини барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, бо такя барои даъватҳо, пешниҳодҳо ва маҷмӯи барномарезиҳое, ки дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ҷараён гирифтаанд, метавон ба ин натиҷа расид, ки иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби обӣ қабул гардидани қатъномаҳои СММ оид ба: 
• Соли 2003 эълон гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза»; 
• Солҳои 2005-2015 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт»; 
• Соли 2013 эълон гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;
• Солҳои 2018-2028 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад. 
Дар радифи ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва муҳити зист, зарурати ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ гардем. Ин эътирофи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки сари масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки об боз ҳам пурмасъулият бошем. Омӯзиши маводи мазкур имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар раванди таълими фанҳои тадрисшаванда ба ташаббусҳою иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлат доир ба масъалаҳои ҳалталаби об чи дар сатҳи минтақавию чи сатҳи байналмилалӣ шинос шуда, роҳҳо, усулҳои ҳифз ва механизми иқтисодии истифодаи захираҳои обиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ омӯзанд. 
Дар анҷоми музокира устодон Шомудинов О.Д. ва Иброҳимов Ҷ.Н. баромад намуда ба суолҳои ҳозирин посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда доданд.