Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар донишгоҳ

Оғози озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар донишгоҳ

Санаи 22 апрели соли 2020 дар факултети ҳисобдорӣ ва омор озмуни дохилидонишгоҳии устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Дар озмун донишҷӯёни факултет иштирок намуда, донишу малакаи худро аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ нишон доданд. 
Кори озмунро кумитаи тадорукотӣ дар ҳайати зерин: декани факултет Ҷурахонзода Б.Ҷ., муовини декани факултет оид ба илм Саидов Р.Н., муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Тилабов Ё.Э., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Сафаров С., муаллими калони кафедраи забони русӣ Махшулов Ҷ. дар асоси талаботи Низомномаи озмуни дохилидонишгоҳии устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пеш бурданд. 
Донишҷӯён дар ҷараёни озмун фаъолона иштирок намуда, аз осори адибони классик ва муосир порчаҳои шеърӣ, достон ва қиссаю ҳикояҳоро дар назди ҳайати комиссия қироат намуданд. 
Аз шумораи умумии донишҷӯён Пиримова Шаҳло, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010801-баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, гр. «А» аз рӯйи номинатсияи шоирӣ; Зокирова Шоҳина, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010801-баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, гр. «В» аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ, Нуралиён Зулфия, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010803-баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, гр. «А» аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои қаноатбахш дода, ғолиб омаданд ва барои иштирок дар даври дуюми озмун, яъне даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд. 


Саидов Р.Н.