Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷалби донишҷӯёни хобгоҳ ба китобхонӣ

Ҷалби донишҷӯёни хобгоҳ ба китобхонӣ

Санаи 22-уми апрели соли ҷорӣ дар хобгоҳи № 1-и ДДМИТ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Маҳфилро устоди кафедраи забони тоҷикӣ Илҳомиддин Мирзоев оғоз намуда, дар бораи нақши китоб дар ҳаёти инсоният, таърихи китобдориву китобхонии мардуми тоҷик муфассал маълумот дод. Баъдан, устод Илҳомиддин Мирзоев ба донишҷӯён дар мавзӯи «Тарғиби асарҳои адибони муосири тоҷик» маърӯза намуд. Номбурда дар баромадаш доир ба бисёр асарҳои оламшумули адибони муосири тоҷик маълумот дода, аз ҳамаи донишҷӯён даъват ба амал овард, ки то ҳадди имкон ба ин ганҷинаи бузург рӯй оварда аз он ғизои маънавӣ бардоранд. Номбурда зикр намуд, ки асарҳои бисёр адибони мо аз қабили С.Айнӣ, С.Улуғзода, М.Турсунзода, М.Қаноат. Б.Собир. ва бисёр дигарон арзиши баланди илмию адабӣ дошта, дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳми бузург доранд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳфили мазкур бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он амал тадбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ва бадин васила баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳо мебошад. 
Дар охир байни устод ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт. 


М.Раҷабов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ оид ба хобгоҳҳо