Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Идомаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Идомаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

ДДМИТ Санаи 22 апрели соли равон бо ибтикори садорати факулети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия Д.Хоҷаев, декани факултет А.Нурализода, муовини декан оид ба илм С.Махшулов, китобдори калони китобхонаи илмии ДДМИТ Ш.Равшанова, устодони кафедраи забони тоҷикӣ Ҷ.Қодиров ва Г.Муҳаммадиева баргузор гардид. 
Дар оғоз Даврон Хоҷаев қайд кард, ки халқи тоҷик аз қадим миллати бофарҳангу китобдӯстдор буданд ва аз ҳамин сабаб миллати тоҷик дар байни халқияту миллатҳои мухталифи ҷаҳон маълуму машҳур аст. Боиси тазаккур аст, ки дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” раёсати донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, нақшаи маҳфили “Зеҳн” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба роҳ мондааст, ки садорати факултет пайваста озмун ва маҳфилҳо баргузор мекунад. 
Дар озмун доираи васеи донишҷӯён иштирок намуда, беҳтаринҳо аз ҷониби коммисияи тадорукот муайян гардиданд. Дар натиҷа донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ Гесубону Давронзода ғолиби ҷойи 1-ум, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси кори бонкӣ Марҷона Абдуллоева ғолиби ҷойи 2-юм ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси кори бонкӣ Нигинаи Фахрилло ғолиби ҷои 3-юм гардиданд. 


Умар Умарзода, сардори созмони ҷавонони факултети молия ва қарз