Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бедор намудани ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ

Бедор намудани ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ

Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Китоб ганҷ, манбаи дониш, дӯст, ҳамсуҳбат ва раҳнамои кас мебошад. Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муққаддасот ба ҳисоб меравад. Он ба одам таассуроти амиқ бахшида чаҳонбиниашро бой ва ғанӣ мегардонад. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фуруғи субҳи донои китоб аст» раёсати донишгоҳ барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ниқшаи инфиродии донишҷӯро ба роҳ монд. 
Вобаста ба ин санаи 21-уми апрели соли равон бо ташабуси садорати факултети иқтисод ва бизнес бо иштикори сардори раёсати илм ва инноватсия Д.Хоҷаев, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода, декани факултет Б.Сатторов ва аъзоёни комиссия оид ба иҷроиши нақшаи инфиродии донишҷӯ маҳфили адабӣ баргузор гардид. 
Дар аввал барои арҷгузорӣ ба муқадасоти миллӣ суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, маҳфили мазкур бо сухани ифтитоҳиро декани факултет Б.Сатторов ҳусни оғоз бахшида шуд. Мавсуф дар баромади худ, қайд намуд, ки ҷавонони моро мебояд имрӯзҳо вақтҳои худро ба омӯхтани илм, китобхонӣ ва забономӯзию барномазозӣ сарф кунанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки нақшаи инфиродии донишҷӯ аз моҳи декабри соли 2019 ба роҳ монда шуда, тамоми донишҷӯён вазифадор карда шудаанд, ки вобаста ба мавзӯи интихобкардаашон реферат ва корҳои мустақилонаро тайёр намуда, дар ҳузури ҳайати комиссия баромад намоянд. 
Баъдан Д.Хоҷаев зимни баромад қайд намуд, ки мақсад аз гузарони маҳфил байни донишҷӯён бедор намудани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, аз худ кардани осори адибони классик ва муосири тоҷику форс ва дар ҳамин замина баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ мебошад. 
Баъдан А.Давлатзода изҳор намуд, ки китоби хуб устоди беминат аст, мо ба ҳифз кардани китобҳои кадимаву ҳозира илму фарҳанги Тоҷикистонро азиз медорем. Ҳар шахс аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлоқ омӯхта барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебандад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқиммати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд, то дар зиндаги душворие садди роҳи онҳо нагардад. 
Ҷ.Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултет зимни суханронӣ қайд намуд, ки инсон барои он ки хирадманд шавад, пеш аз ҳама бояд ки илму дониш омӯзад. Ба ақида устод Рӯдакӣ, ки хеле табиист, илму дониш хирадро сайқал медиҳад, чун чароғи равшанкунандаи роҳи зиндагӣ, ба инсонҳо роҳи рост ва ҳамворро пешкаш месозад, аз ҳама бадиҳо, зарарҳо ва офатҳо ҳимоят менамояд . Пас инсони ҳақиқиро зарур аст ки илму дониш омӯзад. 
Дар охир чанде аз донишҷӯён оид ба китобҳои хондаашон фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд. Инчунин пешниҳодҳо оид ба зиёднамудани теъдоди китобхонон маслиҳатҳо шунида шуд. 


Хуршед Азизхоҷаев, раиси созмони ҷавонони факултет