Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Ҳафтаи илм» дар ДДМИТ ҷамъбаст гардид

«Ҳафтаи илм» дар ДДМИТ ҷамъбаст гардид

Тавре иттилоъ дода будем, дар «Ҳафтаи илм» ва «Рӯзи илми тоҷик» дар донишгоҳ аз 13 то 18 апрели соли 2020 конференсияи илмӣ - назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) бо иштироки васеи омӯзгорон, аспирантону магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид. 
Конференсия дар 10 бахш: иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта; менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук; моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт; баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ; фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ; фанҳои гуманитарӣ; забонҳо ва бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ, ки дар он 450 маърӯзаи устодону донишҷӯён баррасӣ гардид, тӯли як ҳафта ҷараён дошт. 
jam_fsd4001.jpgҲамин тавр, дар бахши иқтисод, молия ва андоз мақолаи Х.Ҷумабоев, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия” дар мавзӯи «Масъалаҳои маъмурикунонии қонунгузории андози миллӣ дар шароити имрӯза» ва маърӯзаи Б.Давлатов, ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзӯи “Нақши имтиёзҳои молиявӣ дар рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ”, дар бахши фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта мақолаи А.Оев, ассистенти кафедраи аудит ва ревизия дар мавзӯи “Хавфи эпидемияи COVID-19 ба низоми бонкии кишвар” ва баромади Ш.Сангинова, ассистенти кафедраи муносибатҳои молиявию қарзии байналхалқӣ дар мавзӯи “Дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти кишвар”, бахши менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ Ҷ.Бобоев, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои пешгирии расонидани зарар дар ҳуқуқи гражданӣ” ва баромади Б.Юнусов, ассистенти кафедраи менеҷмент дар мавзӯи “Самаранок идоракунии вақти корӣ дар корхона”, бахши муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук мақолаи Ҷ.Иброимов, ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзӯи “Тартиби декларатсиякунонии моли шахсони воқеӣ дар шакли конклюдентӣ” ва баромади М.Ҷабборова, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи “Глобальные процессы и последствия экономической взаимозависимости”, бахши моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт мақолаи З.Хушмуҳаммадзода, муаллими калони кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи “Истифодаи модели мултипикативӣ барои муайян намудани омилҳои мавсимӣ ва тасодуфӣ дар муҳити MS Excel” ва баромади Ш.Турахонзода, ассистенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи “Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тавассути модели аддитивӣ дар барномаи MS Excel”, бахши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ мақолаи Н.Усмонов, профессори кафедраи математикаи олӣ дар мавзӯи «Граничная задача сопряжения производным для системы уравнений первого порядка эллиптического типа” ва баромади А.Маҳмадмуродов, дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзӯи «Вайроншавии фотокаталитикии сулфиди гидроген дар сатҳи анионити АН-221», бахши баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ мақолаи А.Юнусов, муаллими калони кафедраи аудит ва ревизия дар мавзӯи “Таҳлили муайянкунии захираҳо ва усули ҳисобгирии арзиши аслии маҳсулот” ва баромади А.Урунбоев, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ дар мавзӯи “Рациональное использование водных ресурсов как фактор устойчивого развития”, бахши фанҳои гуманитарӣ мақолаи М.Манғитов, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Мафҳуми идеяи миллӣ ва моҳияти он” ва баромади К.Шарипов, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои Миллат дар ташаккули робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия“, бахши забонҳо мақолаи О.Саидҷаъфаров, профессори кафедраи забони тоҷикӣ зери унвони “Истиророти мукания ва вижагии корбурди онҳо дар ашъори Бедил” ва баромади Г.Наврӯзова, мудири кафедраи забони русӣ дар мавзӯи “Теоретические основы обучения русскому языку в неязыковом ВУЗе в контексте формирования националь-ного самосознания (студентов таджикоязычной аудитории средствами русского языка)” ва бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ мақолаи Қ.Сафаров, дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Тарбияи ҷисмонӣ дар таҳкими саломатии ҷавонони донишҷӯ” ва баромади С.Шокиров, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Аз таърихи рушди бозии бадминтон» беҳтарин дониста шуд. 
Қобили қайд аст, ки аз натиҷаи ҳар як бахш раисони бахш санаи 20-уми апрел бо ҳисобот ва пешниҳодҳои мушаххас дар ҷаласаи ҷамъабастии конфронс ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намуданд.