Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарёфти беҳтаринҳо дар ДДМИТ идома дорад

Дарёфти беҳтаринҳо дар ДДМИТ идома дорад

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амрҳои Президенти мамлакат ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. 
Санаи 23-юми апрели соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ даври факултавии ин озмунҳо баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён бо ҳунарҳои оҳангсозӣ, навозандагӣ, сурудхонӣ, раққосӣ, заргарӣ, шеърхонӣ ва китобхонӣ баромад карданд. 
Ҳар ду озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардад. 
Аъзои комиссия бо ошно шудан ба ҳунари донишҷӯён беҳтаринҳоро ба даври минбаъдаи озмун роҳхат доданд.