Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши ояндабинии молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ

Нақши ояндабинии молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ

Рӯзи 24-уми апрел бо ибтикори кафедраи менеҷменти молиявӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» семинари илмӣ-методии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Нақши ояндабинии молиявӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ» баргузор гардид. 
Дар семинар Директори маркази такмили ихтисоси ДДМИТ, н.и.и., дотсент Ҷураев Х.Ғ. дар мавзӯи «Нақши идоракунии молияи давлатӣ дар барномаи SGB.NET» маърӯза намуд. Мавсуф қайд кард, ки Буҷети давлатӣ - захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб дода шуда, дар шакли қонун қабул ва амалӣ мегардад. Аз ин ҳисоб, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташударо иҷро менамоянд. Бо воситаи буҷети давлатӣ азнавтақсимкунии қисми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бо роҳи ҷамъшавӣ ва сафарбаркунии воситаҳо, ҷудонамоӣ ва истифодаи захираҳои молиявӣ сурат мегирад. 
Сипас, ассистенти кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ Саъдиев Х.Ф. дар мавзӯи “Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Номбурда дар баромадашон қайд кард, ки фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал (хавф) амалишавандаи шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудае, ки барои ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона шудааст. 
Дар охир семинар бо музокира ва саволу ҷавоб ҷамъбаст гардид.