Хабарҳо
Раванди глобализатсия ва ҳамбастагии иқтисодҳои миллӣ
Ҷаҳони кунуниро як қатор падидаҳое ҳамроҳӣ менамоянд, ки таъсироти онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар гуна сурат мегирад. Яке аз чунин падидаҳои ҷолиб ва баҳсталаб глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ мебошад, ки он дар худ паҳлуҳои мусбат ва манфиро дорост. Глобализатсия раванди объективии инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таъсири раванди субъективӣ буда, он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтааст.
Вобаста ба ин чанде пеш дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ зермаҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи “Раванди глобализатсия ва ҳамбастагии иқтисодҳои миллӣ” баргузор гардид. Дар аввал сардори раёсати илм ва инноватсия Д.Хоҷаев иброз дошт, ки мавзӯи интихобгашта дар шароити кунунӣ басо актуалӣ буда, ҳамчунин ба самти илмии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мувофиқ мебошад.
Дар идома маърӯзачӣ Мадина Ҷабборова, иштирокчии фаъоли маркази “Think Tank” паҳлӯҳои мусбӣ ва манфии раванди ҷаҳонишавиро ҳаматарафа матраҳ намуд. Номбурда зимни баромад афзуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мамлакатҳои иқтисоди ҷаҳонро фаро гирифта, ҳоли ҳозир ҳамаи давлатҳои ҷаҳон як системаи томро ташкил намудаанд ва дар ҳолати яке аз ин мамлакатҳо ба бӯҳроне дучор гаштан он ба ҳамаи мамлакатҳои шарики иқтисодии он таъсири бевоситаи хешро мерасонад. Айни замон чӣ хеле ки ҳамагон шоҳид гашта истодаанд бӯҳрони иқтисодие, ки дар натиҷаи пайдо гаштани вируси COVID-19 дар саросари ҷаҳон паҳн шуда истодааст ба иқтисоди миллии ҳамаи кишварҳои хисороти хешро расонида истодааст. Инчунин мавсуф афзуд, ки тибқи пешгӯии иқтисодчиён дар соли 2020 ҳиссаи фоизи таваррум дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфта, ҳамчунин ММД-и ҷаҳон то 3% коҳиш хоҳад ёфт.
Мавриди зикр аст, ки пандемияи коронавирус, ки тамоми сайёраро фаро гирифт, ба андешаи мутахассисон, беш аз ҳама ба як қатор соҳаҳо таъсири манфӣ расонид, ки метавон онҳоро дар маҷмуъ ба ду гурӯҳ: якум, дар соҳаи макроиқтисодӣ, паст намудани ҳама гуна нишондиҳандаҳо дар ояндабиниҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби созмону ташкилоти гуногуни миллию байналмилалӣ гузаронида мешаванд; бенизомӣ дар бозорҳои фондӣ; кам гаштани даромаднокии коғазҳои бурднок ва дувум дар соҳаҳои мушаххаси иқтисодиёт, паст гаштани фаъолнокии умумии истеҳсолӣ; паст рафтани нархи нафт; коҳишёбии соҳаи хизматрасонӣ, аз ҷумла, соҳаи тиҷорат; коҳиш ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва амсоли он тақсим намудан мумкин аст.
Дар охир музокира вобаста ба дар сатҳи зарури нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ дар замони пандемия ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Қ.Шодиев, муовини декан оид ба илм