Хабарҳо
Нишасти матбуотии ДДМИТ
Санаи 23-уми июли соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз нашрияҳои «Омӯзгор», «Народная газета», «Паёми Душанбе», маҷаллаи «Тоҷикистон», радиои «Садои Душанбе», ТВ «Сафина» ҳузур доштанд ва дар бораи фаъолияти нимсолаи донишгоҳ ба роҳбарият суолҳо доданд.
Дар оғоз ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода оид ба дастовардҳои донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2020 суханронӣ намуда, оид ба мушкилоти ҷойдошта ва рафъи онҳо ба таври муфассал ба рӯзноманигорон иттилооти мухтасар ироа намуд. Ректор таъкид дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 новобаста аз паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ва пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ДДМИТ дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ ва талошҳои пайвастаи устодон бори аввал дар таърихи муассиса 8 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи SCOPUS ва Web of Sciense ба чоп расид, гузаронидани ихтисосҳои 1-250104 – молия ва қарз (бакалавриат), 1-25010403 – андоз ва андозбандӣ (бакалавриат) ва 1-26020200 – менеҷмент (бакалавриат) аз аккредитатсияи институтсионалии ташкилоти НААР (Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг)-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ба имзо расонидани шартномаи ҳамкории дуҷониба бо 5 муассисаи олии хориҷии кишвар; бо Донишгоҳи давлатии Жетисуск ба номи И.Жансугуроваи Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи иқтисодии Малдовияи Ҷумҳурии Малдова, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Қазоқистон ба номи М.С.Нарикбаев, Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубии Федератсияи Россия, амалӣ ва идора гаштани чор лоиҳаи грантӣ дар донишгоҳ бо маблағи умумии 1035502 доллари ИМА мебошад.
Ҳамзамон зимни нишаст оид ба хатми 83 нафар донишҷӯён бо баҳои «аъло» дар соли таҳсили 2019-2020, сарфарозгардии 6 устод бо мукофоти соҳавӣ «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳимояи рисолаҳои номзадии 12 нафар олимони ҷавон дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар ва 6 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гуфта шуд.
Инчунин Ш. Хайрзода вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ иттилооти заруриро пешниҳод намуд.
Дар идома ба саволҳои рӯзноманигорон дар мавриди эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гузаштани ихтисосҳои донишгоҳ аз аккредитатсия байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандону устодон, идомаи таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён ва нақши донишгоҳ дар омодагӣ ба хатари дувуми паҳни коронавирус ва нигаҳдории мувозинати иқтисоди миллӣ, ташкили видеодарсҳо ва паҳн кардани онҳо, ташкили шароити мусоиди иҷтимоӣ ба омӯзгорон ва дигар масъалаҳо посухҳои мушаххас дода шуд.