Хабарҳо
РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДДМИТ
Ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, ки имсол ба 17 август рост омад, аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳ ва толибилмон дар толорҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо мароқи том гӯш карданд.
Баъдан ҷаласаи ботантана бахшида ба Рӯзи дониш доир гардид, ки дар он Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли толорро бо оғози соли нави таҳсили 2020-2021 муборакбод гуфт.
Зимни суханронӣ Каримзода Ҷ. аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамасола чун анъана дар Рӯзи дониш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои нави таълимӣ ифтитоҳ гардида, бо намояндагони соҳаи маориф мулоқот доир мегардад. Дар онҳо самтҳои афзалиятноки рушди соҳа баррасӣ гардида, роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва омодасозии кадрҳои болаёқат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Инчунин, барои пешрафти соҳа масъулин муваззаф гардонида мешаванд, ки ҳамаи ин аз авлавияти соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад, зеро соҳаи маориф дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Новобаста аз мушкилоти ҷаҳони муосир ва буҳрони молиявӣ, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини босуботи ояндаи кишвар ва рушди бомароми ҷомеа ва соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимми иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба имзо расид. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои рушди кулли соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ кардааст, ки яке аз онҳо таваҷҷуҳи махсус ба самти иҷтимоиёт ва хоса ба соҳаи маориф нигаронида шудааст. Шаҳодати ин бунёди иншоотҳо дар ин соҳа, ки ба он аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 405 млн. сомонӣ сарф гардидааст, гуфт баромадкунанда.
Ҳамзамон, Каримзода Ҷ. таъкид дошт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва саноатикунонӣ ҳарчи бештар рӯ овардан ба дониш ва азхудкунии фанҳои риёзӣ, табиӣ ва табиатшиносӣ зарур аст ва мавсуф аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои беҳтарини фароҳамомада ва устодони варзидаи ин таълимгоҳ истифода бурда, хубу аъло таҳсил намоянд ва мутахассиси касбии соҳаи молия ва иқтисод шаванд.
Каримзода Ҷ. А. дар ҷамъбаст ба роҳбарияти донишгоҳ барои ҳарчи зудтар ворид гардидан ба низоми ягонаи таҳсилот дастур дода, барои ин тақвияти захираҳои моддию техникӣ ва потенсиали кадрӣ, ҷоннок намудани фаъолияти технопаркҳо, тақвият бахшидани робитаи илм ва истеҳсолот, таъминоти кофӣ бо китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисосро муҳим арзёбӣ кард.
Дар охир ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода таъкид дошт, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассис дар пешравиҳои таълимгоҳ саҳмгузор аст ва пешниҳоду дастури имрӯза барои тақвияти фаъолияти тамоми самтҳо дар таълимгоҳ заминагузор аст ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар фаъолияти минбаъдаи хеш аз онҳо истифода бурда, нақшаи чорабиниҳо тартиб медиҳанд ва дар асоси он кор мебаранд.
Машҳура Абдуллоева