Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ ДОРАНДАИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДДМИТ ДОРАНДАИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли 2019 дар суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддии таҳсилоти олии касбиро муҳим арзёбӣ намуда буданд. Аз ҷумла таъкид доштанд, ки Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд. 
Вобаста ба ин дастуру пешниҳодҳо раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар асоси шартнома бо муассисаи ғайритиҷоратии «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг» (ш. Нурсултани Ҷумҳурии Қазоқистон) аз 29. 09.2019с. се ихтисос: ихтисосҳои 1-25010401 - молия, 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ, 26020200- менеҷментро аз аккредитасияи байналмилалӣ гузаронад. 
Бо қарори Шӯрои аккредитасионӣ 9 июни соли 2020 (протоколи №51, 09. 06. 2020с.) ихтисосҳои 1-25010401 - молия, 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ, 26020200- менеҷмент аз аккредитатсияи байналмилалии барномаи таҳсилотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муҳлати се сол бомувафаққият гузашт. 
Аз ин рӯ, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёнро бо ин дастоварди нави муҳим ва бузург муборакбод намуда, ба онҳо барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҳамаҷониба рушдёфта ва дар бозори меҳнат рақобатпазир комёбиҳоро таманно менамоем.