Хабарҳо
Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» дар ДДМИТ
Санаи 26-уми августи соли равон дар ДДМИТ бо иштироки раёсат ва роҳбарияти факултаҳову кафедраҳои донишгоҳ ҳамоиш баргузор гардид. Дар оғоз ректор Шукрулло Хайрзода оид ба аҳамияти актуалӣ ва муҳимми ҳамоиш - ифшо кардани дурӯғу найрангҳо ва нақшаҳои тахрибкоронаи роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷиашон, ки бар хилофи ваъдаҳои худ амал карда, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди мардуми худ ва меҳмонони хориҷӣ ба роҳ мондаанд, суханронӣ намуд.
Ректор илова дошт, ки тамоми комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи заҳматҳои фидокоронаву ҷонфидоёна ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистони порча-порчаи солҳои навадум ба як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, соҳибистиқлолу дунявӣ мубаддал гашт. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳанд, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нанишондааст. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат сулҳи саросарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ пиёда карда шуд.
Шукрулло Хайрзода дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки тайи солҳои охир роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияти тахрибкоронаи худро дар кишварҳои Аврупо торафт таҳким бахшида, тавассути шабакаи иҷтимоии интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ бар зидди Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоти густурда ва гумроҳкунандаро ба роҳ монда, туҳмату буҳтон паҳн намуда, нуфузу ҳайсияти кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ паст заданӣ шуданд.
Солҳои охир бисёр пардаҳо аз рӯйи хиёнату ҷиноятҳои ин созмони тахрибкори террористию эксртемистӣ бардошта шуд ва симои аслии роҳбарон ва хоҷагони хориҷии онҳо дар назари ҳамагон намоён гардид. Ба ин филми мустанади «Хиёнат» мисоли возеҳу равшан мебошад. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.
Дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро ки «тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир нест, магар инони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.
Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода шудаанд.
Пас аз тамошои филм тамошобинон фикру андешаи хешро дар бораи он иброз доштанд.