Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибият дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ғолибият дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилиятҳои эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии ҷомеа соли дуюм аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардида аст. 
Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Амри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ мувофиқи Низомномаи озмуни мазкур дар даври донишгоҳӣ фаъолона ширкат варзида, ғолибон муайян ва ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта буданд. Инак санаи 4-5 сентябри соли ҷорӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои ш. Душанбе баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни ДДМИТ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамин тавр, Давронзода Гесубону, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик» соҳиби дипломи дараҷаи 2-юм ва Пиримова Шаҳло, донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор аз рӯйи номинатсияи «Шоирӣ» соҳиби дипломи дараҷаи 3-юм гардиданд. 
Мо бо ин дастоварди муҳим донишҷӯёни гиромиро сидқан муборакбод намуда, барояшон комёбиҳои навро хоҳонем. 


Рӯзномаи «Молия ва иқтисод»