Хабарҳо
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо ифтихор ва саодатмандӣ 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатиро муборакбод гуфта, бароятон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ, фаъолияти пурсамар ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва давлатдорӣ мебошад. Истиқлолият ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд, ки оғози дигаргуниҳои гардишсоз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа гардид. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.
Яке аз самтҳое, ки дар даврони истиқлолият тараққӣ ва такомул намуд ва то имрӯз дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятнок боқӣ монда, идома дорад, соҳаи маориф ба шумор меравад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ меваи истиқлол буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, ба ин сатҳ расид. Фаъолияти густурдаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон буд, ки дар соли сипаригардида донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Роҳбарияти таълимгоҳ дар якҷоягӣ бо аҳли коллектив барои фаъолияти босамар ва омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ камари ҳиммат мебанданд ва ҷойгоҳи худро устувортар мегардонанд.
Воқеан, ин ҳама дастоварду пешрафт ва рушди рӯзафзуни мамлакат ба мо итминон мебахшад, ки хуршеди Истиқлолияти давлатии мо беғуруб ва файзу баракати он беинтиҳо бошад.
Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки ҳамагон гардад.
Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак бод!
Ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода