Хабарҳо
Ҷашни Истиқлолият дар ДДМИТ
Санаи 8-уми сентябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси 1- 960101 ва устодони кафедраи забони русӣ бо роҳбарии н.и.п. Алиқулова Сабринисо семинар - дарси кушод дар мавзӯи «9 сентября – День Независимости Таджикистана» баргузор гардид.
Семинарро муаллима Алиқулова С.Т. ифтитоҳ намуда, аз таърихи ҷашнгирии 9 сентябр дар Тоҷикистон ёдовар шуд ва ҳозиринро ба ин рӯйдоди фархунда табрик намуд
Сипас, донишҷӯён Раҳимов Л. дар мавзӯи «Роль Президента Республики Таджикистана в установлении мира в Таджикистана после гражданской войны», Тағаев Р. дар мавзӯи «Роль молодежи в развитии и внедрении молодежной политики Правительства РТ» ва Турақулов У. дар мавзӯи «Таджикистан – молодая, процветающая и суверенная республика» маърӯзаҳои худро дар шакли презентатсия пешкаши ҳозирин намуданд. Пас аз маърӯза саҳнача дар мавзӯи «Рождение мира в Таджикистане» дар иҷрои донишҷӯён Ёрмадов Д., Ҳакимов С. ва Муродов М. намоиш дода шуд.
Донишҷӯён Мамаҷонов А., Муродов М., Дадаҷонов Ю., Ҷалолиддинова Г. дар мавзӯъҳои Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ. шеърҳо қироат карданд. Сипас, устодон Наврузова Г., Қаюмова Х.,Махшулов Ҷ., Содиқова М., Кенҷаева С., Давлатова Р. доир ба ин мавзӯъ сухан гуфтанд.
Дар охир маҳфилро донишҷӯён ва устодон бо Суруди миллӣ ҷамъбаст намуданд.