Хабарҳо
Дастоварди варзишгарони ҷавон
Санаи 12-уми сентябри соли равон дар Қасри варзишии намудҳои таэквандо мусобиқаи гӯштини миллӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор гардид. Дар ин мусобиқа донишҷӯёни ДДМИТ низ фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла Шукронов Қоим, донишҷӯи курси 2, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар вазни 75 кг сазовори ҷойи 2-юм ва Давлатов Исфандиёр, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз дар вазни 70 кг соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд. Ёдовар мешавем, ки ин ду донишҷӯ зери роҳбарии Айниддинов Ибодулло, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ тамрин мекунанд.
Мо ба ин варзишгарони ҷавон комёбиҳои нав таманно дорем.