Хабарҳо
Тадбирандешиҳо дар самти пешгирии коронавирус
Ҷаҳони муосир фарогири буҳрони шадид ва дар марҳилаи муосир гирифтори вируси сироятии COVID-19 мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки чунин навъи мушкилиҳо аз тавон ва доираи идораи инсоният берун буда, на танҳо ба ҳаёти инсон, балки ба фаъолият, сатҳу сифати зиндагӣ, рӯҳу равон ва дар маҷмӯъ, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Буҳрони мазкур, ки қариб тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, тақозо менамояд, ки дар баробари андешидани чораҳои пешгирӣ ва тадбирҳои беҳдоштӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти муътадили соҳаҳои иқтисодиёт фишангҳои муайяни иқтисодиву маъмурӣ истифода карда шаванд.
Вобаста ба ин, санаи 15-уми сентябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Пайравони Пешвои миллат»-и назди факултет дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар КВД «Бозори деҳқон» ва ҳудуди донишгоҳ аксияи ниқоби ройгон (зиёда аз 300 адад) ва маҳлули антисептикӣ (зиёда аз 50 адад) гузаронида шуд.
Ҳамчунин, дар байни аҳолии шаҳр, донишҷӯён ва устодони донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус гузаронида шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар рӯз пеш аз ба дарс ворид шудан дар ду роҳрави факултет ҳарорати бадани тамоми донишҷӯёни факултет санҷида мешавад. Инчунин, охири ҳар ҳафта дар тамоми утоқҳои корӣ ва синфхонаву роҳравҳои факултет корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.
Ҷовидон Халифазода,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес