Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзгорону кормандон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд

Омӯзгорону кормандон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд

Муоинаи тиббӣ яке аз тарзҳои асосии муоинаи тандурустии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар ДДМИТ низ муоинаи тиббии устодон ва кормандон гузаронида мешавад. Санаи 15-уми сентябри соли равон низ дар толори варзишии ДДМИТ муоинаи тиббии устодон ва кормандони донишгоҳ аз ҷониби Муассисаи маркази муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. 
Дар он 8 мутахассис - духтури бемориҳои дарунӣ, духтури бемориҳои пӯст, духтури занона, духтури гӯшу гулӯю бинӣ, духтури бемориҳои асаб, духтури бемориҳои чашм, духтури бемориҳои сил ва духтури тадқиқоти хун барои RV устодон ва кормандонро аз муоинаи тиббӣ гузарониданд. 
Муоинаи тиббӣ дар донишгоҳ пагоҳ ҳам давом меёбад ва натиҷаи ин ташхис баъди як ҳафта маълум мегардад.