Хабарҳо
Як соати дарси хуб мазмуни як асарро дорад!
Санаи 19-уми сентябри соли равон бо ибтикори факултети молия ва қарз, кафедраи молия дарси кушод дар мавзӯи «Муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дарси кушодро муаллими калони кафедраи молия Бобоев Бобохон оғоз намуда, чунин қайд намуд, ки муносибатҳои байнибуҷетӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти низоми буҷетӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз ташкил ва густариши чунин муносибатҳо ин баробарсозӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти молиявӣ ва маблағгузории бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. Инчунин, қайд гардид, ки дар баробари маблағгузориҳои субвенсионӣ ва дотатсияҳо, ки ҳадафи ниҳоии он ташкили сохтору ниҳодҳои зарурӣ мебошад, имкони дар оянда баромадан аз чунин дастгирии молиявӣ ва табдил ёфтан ба буҷетҳои устуворгардида ва худмаблағгузор дар назар дошта шудааст.
Ҳамин тавр, Бобоев Бобохон мавзӯъро бо тамоми паҳлӯҳояш фаҳмонд.
Ҳадаф аз баргузории дарси кушод ин бедор намудани шавқи донишҷӯён мебошад. Дарси кушод бо саволу ҷавоб ва баҳсу музокираҳои донишҷӯён ва устодон доир ба мавзӯи баррасишуда ҷамъбаст гардид.