Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Хиёнат» - собиткунандаи воқеияти фаъолияти хоинон

«Хиёнат» - собиткунандаи воқеияти фаъолияти хоинон

Рӯзи 22 сентябри соли равон раёсати донишгоҳ, устодону кормандон ва донишҷӯён дар толори бинои рақами 2 қисми чоруми филми мустанади «Хиёнат» бахши «Гаравгонгирӣ»-ро бо мароқи том тамошо карданд, ки фарогири мавзӯи хиёнаткориҳо ва гаравгонгирии ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом, ки дар мамлакат фаъолияташ қатъ гардидааст, мебошад. Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода шудаанд. 
Пас аз тамошои филми мазкур, ки басо таъсирбахш буд, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳокимбек Сандалов баромад карда, мақсади намоиши филми мазкурро муаррифии хоинони миллат ва тоифаи чоплусу тамаллуқкор донист, ки солҳои 1992 амалҳои ифротӣ анҷом додаанд ва онро собиткунандаи воқеияти давр маънидод кард. 
Дар идомаи суханрониаш Сандалов Ҳ. афзуд, ки ҳар кадоми мо бояд хоин ва душмани миллатро шиносад, то ин ки аз паси ӯ наравад. Он куштору одамрабоӣ ва кирдорҳои разилонаю гӯшношуниде, ки аъзоёни ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ бо мардуми бегуноҳ кардаанд, аз террорист будани эшон далолат медиҳанд. Имрӯзҳо саркардаҳои онҳо аз хориҷи кишвар истода, мехоҳанд ба сулҳу суботи кишвар рахна зананд ва дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Ҳол он ки имрӯзҳо дар кишвари азизи мо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд, ки дар саргаҳи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва маҳз бо талошҳову раҳнамоии Сарвари давлат ба ин натиҷаҳо расидаем. 
fh401.jpgБинобар ин, мо бояд ба қадри ин дастовардҳо бирасем ва барои тавсеаи онҳо бикӯшем. Симои ҳақиқии наҳзатиёнро шиносем ва нагузорем, ки минбаъд ба мамлакати мо ва мардуми шарифи Тоҷикистон ягон таъсире гузоранд. Барои ин махсусан ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва дар мавқеъ устувор бошанд, аз Ватани худ дифоъ кунанд. – гуфт дар охир Сандалов Ҳ. 
Ёдовар мешавем, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад. 
Дар охир чанде аз тамошобинон низ фикру андешаи хешро дар бораи филм иброз доштанд. 




Абдуллоева М.