Хабарҳо
Аксия: «Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст»
Таҳти ин шиор санаи 15-уми сентябри соли 2020 бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ДДМИТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Пайравони Пешвои миллат»-и назди факултет, дар асоси нақша-чорабиниҳо аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ баргузор намуданд.
Бо ин мақсад дар кӯчаву роҳравҳо ва даромадгоҳи корхонаву биноҳои истиқоматии гирду атрофи донишгоҳ варақаҳои тарғиботӣ аз тарафи 20 нафар донишҷӯи факултет тақсим карда шуда, моҳияти интихоботи президентӣ ва иштироки ҳар як нафар шаҳрвандро дар он фаҳмониданд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯён 700 адад варақаи тарғиботиро дар кӯчаву роҳравҳо ва даромадгоҳи корхонаву биноҳои истиқоматии гирду атрофи донишгоҳ, бозори «Деҳқон» (кӯчаҳои Нахимов, Ю.Вафо, П.Сулаймонӣ ва шаҳраки Гипрозем) ба соконини шаҳри Душанбе тақсим намуданд.
Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбия