Хабарҳо
ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ САЙЁҲӢ
Санаи 24-уми сенятбр зермаҳфили «Зеҳн»-и факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ баргузор гардид. Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия Даврон Хоҷаев вобаста ба мавзӯи баррасишаванда ибрози ақида намуд.
Дар идома сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Муқимов дар мавзӯи “Ҳолат ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон” баромад намуда, ҳозиринро аз номи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27-уми сенятбр қайд карда мешавад, табрик намуд. Б. Муқимов илова намуд, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, бо табиати зебову нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми меҳмоннавозу нексиришташ қалби ҳазорон сайёҳони хориҷиро тасхир намудаст. Маърӯзачӣ афзуд, ки кӯҳҳои сар ба афлоки минтақаи Помир яке аз нуқтаҳои ҷолиби ҷалби сайёҳони хориҷӣ мебошад. Ин аст, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ба ширкатҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод гардидааст. Дар зарфи 5 соли аввали фаъолият аз андоз озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.
Директории ширкати сайёҳии «Ориён-Тур» Руслан Ҳамроқулов ҷиҳати паҳлӯҳои амалии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ сухан ронда, иброз дошт, ки донишҷӯён барои дар оянда соҳиби ҷойи кори хуб гаштан ва нуфузи сайёҳии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштан, бояд донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ва фарҳанги қадиму навини тоҷикон бошанд.
Бо назардошти дурнамои густариши соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, дар ҷумҳурӣ мақомоти салоҳиятдори танзимкунандаи бахши сайёҳӣ - Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ва заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ мукаммал гардонида шуд.
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавобҳо баргузор гардид, ки дар он декани факултет Қ. Муқимов пешниҳод кард, ки барои хубтар огоҳ шудан аз имкониятҳои сайёҳӣ ва роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон моҳе як маротиба чорабиниҳои назариявӣ баргузор гардад.
Ҳамзамон, устоди кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ С. Нуриддинов пешниҳод намуд, ки барои самаранок гаштани раванди таълим дар тахассусҳои менеҷмент дар соҳаи сайёҳии факултет ширкатҳои сайёҳӣ чанде аз донишҷӯёни фаъолро ба корҳои соатбайъ ҷалб намоянд.
Қамар Шодиев, муовини декан оид ба илм