Хабарҳо
Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!
Зери ин унвон санаи 26-уми сентябри соли равон ҳамоиши бонувону донишҷӯдухтарони ДДМИТ вобаста ба ҳамовозӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувони донишҷӯдухтарони донишгоҳ моҳият ва мақсади баргузории онро шарҳ дода, баён дошт, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Феълан номзадҳои пешбаригардида аз ҷониби мақоми салоҳиятдор Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, маъракаҳои тарғиботии пешазинтихоботии номзадҳо дар як фазои созандагӣ идома доранд.
Бонувону донишҷӯдухтарони ДДМИТ заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро ба инобат гирифта, дар тамоми даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша ҷонибдори сиёсати созандаву дурандешонаи Сарвари давлат буданд ва ҳемеша хоҳанд монд. Имрӯз низ мо бо иродаи қавии сиёсӣ ва маърифати волои ҳуқуқӣ вориди ин маъракаи сиёсӣ шуда, Пешвои миллатро номзади арзандаву беназир шуморида, аз мавқеи ӯ самимона ва бо ифтихори олӣ ҷонибдорӣ менамоем.
Сипас Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ, Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес, Дилноза Қаюмова, аъзои Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳ оид ба паҳлуҳои гуногуни хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар раванди бунёди давлатдории милливу муосири миллати тоҷик сухан намуда, Пешвои миллатро ҳамчун абармарди дунёи сиёсат, дипломати беназир, фарзанди содиқ ба миллату давлат, роҳбари замонабину дурандеш, сиёсатмадори қавиирода ва эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ ном бурданд.
Дар интиҳои ҳамоиш муроҷиатномаи иштирокчиёни он аз ҷониби Сурайё Раҳматуллозода, аъзои фаъоли Шӯро қироат карда шуд, ки дар он омадааст:
Имрӯз мо бонувону донишҷӯдухтарони сарбаланди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Мо, бонувон ва ҷавондухтарони комёби ин сарзамини муқаддас бо дилу ҷон иброз менамоем, ки аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва хастанопазирии Пешвои муаззами миллат дарси ибрат гирифта, ҳифзи марзу буми ин ватани маҳбуб, Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини оромиву осудагии ҳар як сокини кишвар, ҳимояи муқаддасоти миллат, нигоҳдошти фарҳанг ва забонро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.
Мо, ҷавондухтарони саодатманди диёр меросбони гузаштагони бонангу ор чун Рудобаву Таҳмина, Гурдофариди сарсупурдаи Ватани бостон ва насли баъдии ориётабор, ворисони фарҳангу тамаддуни воло, пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ ва роҳбари хирадманд мо - бонувону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои афзун гардонидани эҳсоси ватанпарастӣ ва намунаи ибрат будан ба дигарон ваъда медиҳем.
Мо бо қадамҳои устувор парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда мебарем ва баҳри амалӣ гардидани нақшаҳои азим ва ташаббусҳои созанда роҳи пурифтихори Пешвоямонро идома медиҳем. Дар якҷоягӣ мо ҳамрадифи мардони шуҷоатмандамон шуда, қувваи шикастнопазир дар роҳи ҳифзи давлату миллат гашта, бо дасту дили гарм, самимияту садоқат ва иродаи матин танҳо ба пеш равонем. Қуллаҳои навро фатҳ мекунем ва ояндаи дурахшонро бо Пешвои муаззами худ бунёд мекунем.
Мо насли замон нав даст ба дасту китф ба китф саф кашида, ҷавобан ба ин ғамхориҳои Давлату Ҳукумат ва Пешвои миллатпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои фароҳамомада истифода намуда, ба сӯи саодатмандӣ, шарафмандӣ ва муваффақиятҳои беназир қадам мегузорем. Барои ҳифзи ҳар зарра хоки поки Тоҷикистон дар вуҷуди худ эҳтирому арҷгузориро ба забон ва фарҳанги миллӣ мепарварем ва ба аҳли ҷаҳон собит месозем, ки Тоҷикистон яктост ва фарзандони он баҳри зиндагии орому осуда, агар лозим ояд, ҷони худро фидо месозанд.
Мо - бонувону духтарони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод ва аз ин хоки сарзамини биҳиштосо ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар ободиву шукуфоии Тоҷикистон бо рисолати баланди модарона ҳиссаи арзишманди хешро мегузорем ва барои боз ҳам ободу зебо ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтиромона аз номи тамоми бонувону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи навбатии дарпешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.