Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши кормандони ҷавонони соҳаи молия «Интихоби мо - Пешвои миллат»

Ҳамоиши кормандони ҷавонони соҳаи молия «Интихоби мо - Пешвои миллат»

Санаи 28 сентябри соли равон дар ДДМИТ ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи молияи кишвар таҳти унвони «Интихоби мо - Пешвои миллат», ки дар ҳошияи Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба пешбарии номзади Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Саидзода, сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар намояндаи соҳаи молияи кишвар аз ҳисоби ҷавонон ҳузур доштанд. 
Ҳамоишро Шукрулло Хайрзода, ректори ДДМИТ ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Ш.Хайрзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ягона ташкилоти ҷамъиятие, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мебошад. 
intihob403.jpgДар ин замина, санаи 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии худ ИҶТ бо ҳамовозии амиқ номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоби навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябр баргузор мегардад, пешбарӣ намуд. 
Дар идома ректор қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои устуворонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз иқтисодиёти кишвар пеш рафта, ҳадафҳои стратегии давлат марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст, ки дар ин самт нақши ҷавонони пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат басо назаррас аст. Бинобар ин, дар баробари дигар қишри ҷавонони ҷомеа мо – намояндагони соҳаи молия низ иштирокчиёни ҳамоиши «Интихоби мо - Пешвои миллат» ҳамчун як қисми фаъоли ҷомеа тасмим гирифтем, ки бо иштироку ҳамовозии Шумо аз муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14-уми ИҶТ ҷиҳати пешбарии номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. 
intihob401.jpgСипас Ризо Назарзода, муовини якуми раиси ИҶТ оид ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши қишри ояндасози миллат – ҷавонон дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва хатарҳои ҷангу ноамнӣ дар минтақа андешаҳои муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф зимни баромад таъкид дошт, ки имрӯз халқу миллати тоҷик бо талошу ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се даҳсола кишвари аз вартаи ҳалокат наҷотёфтаро ба як кишвари рӯ ба тараққӣ оварда расонид ва истиқлолияту сулҳро устувор нигоҳ дошт. 
Баъдан Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молия вобаста ба рушди соҳаи молия дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки бевосита таҳти сарварии Пешвои миллат ба даст омадааст, сухан гуфт. Мавсуф оид ба вазъи молиёти кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз талошу кӯшишҳои қотеонаи Пешвои миллат буд, ки молияи ҷумҳурӣ аз сифр ба яке аз сохторҳои калидии ҷомеа табдил ёфт. 
intihob403.jpgДар идома Фарангиз Бигова, мутахассиси Сарраёсати буҷети давлатӣ дар мавзӯи «Оид ба рушди молияи давлатӣ дар даҳсолаи охир», Илҳом Камолзода, мутахассиси пешбари Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои андоз ва тамоюли рушди нишондиҳандаи даромади Буҷети давлатӣ дар даврони истиқлолият» ва Суман Ашурмадова, мутахассиси Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ дар мавзӯи «Ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ» баромад намуданд ва ҳар яке асоси дастовардҳои соҳаро ба роҳбарӣ ва раҳнамоии Пешвои миллат ва сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат дар самти молия ва идораи молияи давлатӣ рабт доданд. 
Дар анҷом гуфта шуд, ки бо дарназардошти музокираю пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷониби маърӯзачиён ва иштирокчиёни ҳамоиш изҳороти ширкаткунандагони ҳамоиши кормандони молия зери шиори «Интихоби мо - Пешвои миллат» аз ҷониби ҳама якдилона қабул гардид. 
Матни изҳоротро Миршоҳид Ҳомидов, сармутахассиси Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ қироат намуд. Дар изҳороти ҷавонони мақомоти молияи кишвар ба ҷонибдорӣ аз номзадии Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба мардуми кишвар тағйироти куллӣ ба назар мерасанд. 
Мо, кормандони ҷавони соҳаи молия чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагӣ ва саломатии ҳар як сокини кишварро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем». Дар охир даъват ба амал бароварда шуд, ки ҳар як ҷавон дар интихоботи дарпешистода бояд фаъолона иштирок кунад ва раъйи худро изҳор дорад, зеро овози ҳар як нафар ҳалкунанда аст. 


Нуралӣ Раҳимзода