Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили илмӣ доир ба моҳияти фоида

Маҳфили илмӣ доир ба моҳияти фоида

Фоида манбаи асосии маблағгузории тараққиёти корхона, ташаккул ва такмили пояи устувори моддию техникӣ, пурра кардани арзиши воситаҳои гардони худи корхона, ҳавасмандгардонии моддию иҷтимоии кормандон, бунёди захираҳои пулӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба дарки мавзӯъ ва моҳияту намудҳои фоида, идоракунии он дар корхонаҳо, таҳлили фоида ва даромаднокӣ санаи 26-уми сентябр дар кафедраи менеҷменти молиявӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид. 
Дар маҳфил донишҷӯён Сабрина Саидова дар мавзӯи «Моҳият ва намудҳои фоида», Манижа Валиева дар мавзӯи «Идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ» ва Амирҷони Халифа дар мавзӯи «Таҳлили фоида ва даромаднокӣ» маърӯза намуданд. 
Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки ҳадафи асосии корхона, ки фаъолияти сохибкориро пеш мебарад, пеш аз ҳама, ба даст овардани фоидаи бештар аст. Идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар қатори масоили асосии менеҷменти молиявӣ нақши муҳим мебозад, зеро фоида манбаи асосии молиявии корхона мебошад, ки рушди онро дар асоси шарту шароити худмаблағгузорӣ таъмин менамояд. 
Ҳамчунин, баромадкунандагон таъкид доштанд, ки фоида омили ҳавасманд гардондани фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтарсозии вазъи молиявии корхона мебошад. Барои кормандони корхона фоида сарчашмаи ҳавасмандӣ ба натиҷаи кор мебошад, зеро он қадркунии иловагии моддиро барои меҳнати пурмаҳсул таъмин месозад ва як қатор талабҳои иҷтимоии онҳоро қонеъ мегардонад. Аммо аз ҳама муҳим ин фоидаи соф мебошад, ки пас аз пардохтани ҳама андозҳо, муҷозоти иқтисодӣ ва пардохтҳо ба фондҳои хайрия дар ихтиёри корхона мемонад.
Ҳамзамон, оид ба огоҳӣ аз дигар паҳлӯҳои фоида ва гирифтани он ҳангоми фаъолият музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Евгения Мирзоева, устоди кафедра