Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташаккул ва рушди зерсистемаҳои инноватсионии минтақавӣ

Ташаккул ва рушди зерсистемаҳои инноватсионии минтақавӣ

Дар кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети технологияҳои иттилоотӣ санаи 26-уми сентябр семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Ташаккулёбӣ ва рушди зерсистемаҳои инноватсионии минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. 
Сардори раёсати илм ва инноватсия Даврон Хоҷаев дар оғоз баромад намуда, қайд кард, ки зарурати ташаккул ва аҳамияти рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкили ҳамгироии босуръати кишвар ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ иборат буда, дар натиҷа ҷорӣ намудани принсипи инноватсионии рушди иқтисодиёти миллӣ зарур ва саривақтӣ мебошад. 
Сипас устоди кафедра Парвиз Бобомуродов дар ҳамин мавзӯъ маърӯза намуд. Номбурда қайд кард, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо дар замони муосир бо рушди инноватсионии минтақаҳои худ вобастагии зич дорад. Дар шароити муосир рушди иқтисодии мамлакат аз дараҷаи рушди зерсистемаҳои инноватсионии он вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, ки дорои захираҳои зиёди табиӣ мебошанд, бо суръати баланд рушд кунанд, то ин ки мунтазам раванди ҷойгиркунии иқтидори истеҳсолӣ вобаста ба хусусиятҳои минтақаҳо ва бо назардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ таъмин карда шавад. Ин гуна муносибат шаҳодат аз он медиҳанд, ки истифодаи имкониятҳо вобаста ба иқтидори инноватсионии бахшҳои иқтисодӣ, ки ба ташаккули устувории иқтисодиёти минтақа оварда мерасонад, зарур мебошад. 
Дар маърӯза, инчунин, гуфта шуд, ки зерсистемаҳои инноватсионии минтақавӣ бояд ба сиёсати ягонаи рушди инноватсионӣ ва илмию техникӣ, вобаста аз он ки дар минтақа ҷузъҳои минтақавии мувофиқ истифода мешаванд, асос ёбад. 
Дар анҷом музокира сурат гирифт, ки дар он пешниҳод карда шуд, ки таҳия ва қабули асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар асоси муҳити инноватсионӣ бо мутобиқсозии самаранокии воқеии сармоягузориҳо дар соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ба даст овардани рушди инноватсионӣ ба роҳ монда шавад. 


Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм