Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷонибдорӣ аз номзади арзанда

Ҷонибдорӣ аз номзади арзанда

Санаи 29-уми сентябри соли равон дар асоси нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ Н.Ҳомидзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон - роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе, М.Нуров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Д.Ҳукуматов, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, М.Абдураҳмонов, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ш.Фозилзода, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва намояндагии фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар баромадҳо аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои даврони истиқлолият, шароитҳои мусоиди таҳсилу фароғат барои донишҷӯён, фазои орому осуда ва имкониятҳои рушди шахсият дар мамлакат ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки маҳз бо талошҳои устуворонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пеш рафта, ҳадафҳои стратегии давлат марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд, ки дар ин самт нақши ҷавонони пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат басо назаррас аст. 
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҷонибдорӣ аз номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намуданд.