Хабарҳо
Манучеҳр ғолиби ҷойи якум аз гӯштини тарзи озод
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гӯштини тарзи озод» байни ҷавонони синну соли 2000-2002 рӯзҳои 19-20-уми сенятбри соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Манучеҳр Тошев, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ иштирок намуд. Номбурда бо нишон додани маҳорати баланди гӯштингирӣ дар вазни 57 кг сазовори ҷойи 1-ум гардида, бо Дипломи Кумита мукофотонида шуд.
Имрӯзҳо Манучеҳр дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, инчунин пайваста ба намудҳои варзиши миллӣ машғул мешавад. Ӯ аз кӯдакӣ мароқи иштирок дар мусобиқаҳои варзиширо дошт ва ба ин орзуяш расид. Минбаъд вай барои иштирок дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ пайваста машғули тамрин бо устодон, аз ҷумла Абдурозиқ Олимов устоди варзиш оид ба гӯштини тарзи озод аст. Мо ба Манучеҳр барои фатҳи қуллаҳои нави варзишӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзумандем.