Хабарҳо
Филми “Хиёнат” ҳушдоре аз қаъри таърих
Имрӯз донишҷӯёни ДДМИТ нақшаҳои даҳшатангези душманони миллати мо, махсусан роҳбарону аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро дар доираи филми мустанади “Хиёнат” бо далелу рақамҳои муътамад тамошо карданд.
Донишҷӯён аз дидани саҳнаҳои даҳшатбори амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии наҳзатиҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо бар сари халқи тоҷик хусолаҳои амиқ бароварданд.
Филми мустанади “Хиёнат” ба мисли оина асли рӯйдодҳои ба вуқуъпайвастаи солҳои ҷанги шаҳрвандиро нишон медиҳад, ҳақиқатеро, ки наҳзатиҳо бо тамоми талоши имрӯзаи худ бо роҳи паҳн кардани бофтаҳои дурӯғин ва беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз наметавонанд онро инкор кунанд.
Чуноне, ки дар филм омадааст, фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзоёни ин ташкилоти террористӣ барои ташкили давлати исломӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш бар зидди ҳамватанони худ задаанд.
Филми “Хиёнат” барои мо як ҳушдоре аз қаъри таърихи навини тоҷик ирсол намуда, бори дигар таъкид мекунад, ки тафаккури динзада ба фанои ҷомеа ва давлатҳо оварда мерасонад. ТТЭ ҲНИ бо афкори асримиёнагии худ зидди сулҳу субот ва тараққиёти Тоҷикистон аст.