Хабарҳо
Қадрдонии сардори раёсат
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДДМИТ, ки санаи 30-юми сенятбри соли ҷорӣ баргузор гардид, дастоварди навбатии сардори Раёсати илм ва инноватсия, дотсент Давронҷон Хоҷаев нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» аз ҷониби ректор Шукрулло Хайрзода супорида шуд.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Хоҷаевро барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ қадрдонӣ намуданд.
Мо кормандон ва устодони донишгоҳ Давронҷон Хоҷаевро бо дастоварди навбатӣ муборакбод гуфта, барои муваффақиятҳои дарпешистода барор хоҳонем.