Хабарҳо
Курси омӯзишӣ дар мавзӯи “Тақвияти иқтидори бизнес-инкубатор дар ДДМИТ”
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Ташкили муҳити инноватсионии донишгоҳ дар асоси ҷорӣ намудани раванди Болония» аз 1-ум то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Тақвияти иқтидори бизнес-инкубатор дар ДДМИТ» баргузор мегардад.
Дар рӯзи аввал муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров, сардори раёсати илм ва инноватсия Давронҷон Хоҷаев, муовинони декан оид ба илми факултетҳо, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Аз тарафи мушовирони хориҷии лоиҳа аз Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Булғористон ба таври онлайнӣ дарс доир гардид.
Ҳамоҳангсозони байналмилалии курси омӯзишӣ Владимир Сашов Жечев, доктори маркетинг, дотсент ва мудири кафедраи маркетинги Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Булғористон, ҳамоҳангсози институтсионалии лоиҳаҳо оид ба барномаи Еразмус+, Петр Красимиров, доктори менеҷмент, устоди кафедраи менеҷменти Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Булғористон, муовини директори маркази электронӣ ва таҳсилоти фосилавӣ Мария Радославова Станимирова, доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисоди аграрӣ, раиси комиссия оид ба рушди шахсияти Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Булғористон, роҳбари барномаи “Инноватционная партнерская сеть для устойчивого сотрудничества университет-бизнес» мебошанд.
Зимни тренинг дар нақша аст, ки мавзӯъҳои “Модель создания Бизнес-инкубатора в ТГФЭУ для устойчивого сотрудничества университет-бизнес», «Структура и функционирование университетского Бизнес-инкубатора», «Правила поддержания стабильного функционирования налаженной работы Бизнес-инкубатора университета-деловое партнерство», «Критерии оценки эффективности налаженной работы Бизнес-инкубатора университета», «Методика изучения мнения и готовности бизнеса и профессиональных организации к включению в систему сотрудничества в рамках Бизнес-инкубатора», «Методология изучения передового опыта по созданию Бизнес-инкубатора в зарубежных университетах», «Передовой опыт функционирования Бизнес-инкубатора в Экономическом университете» ва «Методология исследования и готовности ППС и студентов Бизнес-инкубатора в ТГФЭУ, а также других желающих к предоставлению данных для работы в «Бизнес-инкубаторе» мавриди баррасӣ қарор гиранд.