Хабарҳо
Шанбегӣ бахшида ба интихобот
Бахшида ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми октябри соли равон дар ДДМИТ шанбегии умумидонишгоҳӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар кормандону устодон баргузор гардид.
Шанбегӣ аз субҳ то нимаи рӯз идома ёфт ва дар раванди он аз ҷониби кормандони хоҷагӣ дохили донишгоҳ тоза, растаҳо ранг ва дарахтон кӯтоҳу ба тартиб дароварда шуданд.
Инчунин, устодон аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ, кӯчаҳои ҳудуди муассиса, гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳро тоза намуданд. Дар баробари ин дар дохили биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо корҳои тозагиву ободонӣ, ба монанди рӯбучини баргҳои хушки дарахтон, шустани роҳравҳо, дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо ба анҷом расонида шуд.