Хабарҳо
Зермаҳфили “Зеҳн”
Тибқи нақша санаи 2 октябри соли равон бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯён зермаҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи “Хусусиятҳои методологии баҳисобгирии муҳосибӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Ҷурахонзода Б.Ҷ. баромад карда, мавзӯи баррасишавандаро актуалӣ ҳисобид ва иқдоми факултетро дар ташкил ва баргузории КИТ назаррас арзёбӣ кард. Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки дар нақшаи зермаҳфили «Зеҳн»-и факултети ҳисобдорӣ ва омор барои соли таҳсили 2020-2021 чун солҳои қаблӣ мавзӯъҳои рӯзмарра мавриди таҳлил ва омӯзиши мутахассисони соҳа ва ҳайати васеи устодону донишҷӯён қарор дода мешавад.
Маърӯзачӣ сармутахассиси Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Носирзода зимни баромад иброз дошт, ки дар шароити мураккаб гардидани муносибатҳои иқтисодӣ ҳаҷми амалиётҳои баҳисобгирифташаванда зиёд мешавад, ки зарурати такмили методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ дар низоми бонкӣ пеш меояд. Хусусан дар шароити ба муфлисшавӣ дучор гардидани баъзе аз бонкҳои низомсози кишвар такмили методологияи хизмати баҳисобгирии муҳосибӣ амри зарурӣ мебошад.
Ҳамчунин, доир ба методологияи амалкунандаи низоми ҳисобдории бахши давлатӣ, ки дар асоси технологияи навин, яъне барномаи SGB.net сохта шудааст, суханронӣ намуда, моҳият ва хусусиятҳои истифодабарии онро ба аҳли нишаст пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти кори маҳфили илмӣ қайд карда шуд, ки факултети ҳисобдорӣ ва омор дар асоси нақшаи КИТ-и тасдиқгардида кӯшиш ба харҷ медиҳад, то барои боз ҳам хубтару беҳтар ташкил намудани чунин чорабиниҳои илмӣ чораҳои судманд андешад.
Саидов Р.Н., муовини декан оид ба илми факултети ҳисобдорӣ ва омор