Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши намояндагии ТҶҶ " Созандагони Ватан" дар ДДМИТ

Ҳамоиши намояндагии ТҶҶ " Созандагони Ватан" дар ДДМИТ

Дар асоси нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 3 октябр дар ДДМИТ ҳамоиши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., аъзоёни гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Хайрзода Ш.Қ., Норасов А.А. ва Исмоилзода Н.Ҷ., инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳронова Н.Ш. иштирок намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ба интихобкунандагон расониданд. 
Ҳамчунин, дар ҳамоиш фаъолони аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» оид ба нақш ва мавқеи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, пешбурди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҷорӣ намудани робитаҳои байналмилалӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд. 
Дар анҷом аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҷонибдорӣ аз номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозӣ намуданд.