Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташрифи коршиносони комиссияи аккредитатсияи институтсионалӣ ба ДДМИТ

Ташрифи коршиносони комиссияи аккредитатсияи институтсионалӣ ба ДДМИТ

Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ афзалиятҳои зиёд дорад, ба монанди таъмини сифати барномаҳои таълимӣ, рақобатпазирии макотиби олӣ ва эътироф гардидани дипломи муассисаҳои ҷумҳурӣ дар дигар давлатҳо ва аз ҳама муҳим, болобурди сифати таълим. 
Дар робита ба ин, ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот равона намудаанд. Ин аст, ки барои гузаронидани донишгоҳ аз аккредитатсияи институтсионалӣ аз санаи 5-ум то 8-уми октябри соли равон комиссияи коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ барои аз наздик шинос шудан бо раванди таълим ва шароити ҷойдошта ба ДДМИТ ташриф оварданд. 
Гурӯҳи коршиносони хориҷӣ Энн Листра, раиси комиссия, профессор, декани Донишгоҳи технологии Таллин ва Светлана Викторовна Панасенко, котиби комиссия, мудири кафедраи заминавии сиёсати савдои Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов тариқи онлайнӣ ва коршиносони дохилӣ Умед Мансуров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, Ғафурҷон Ҳакимов, декани факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Алишер Собирҷонов, корманди илмии шуъбаи тадқиқоти минтақавӣ ва тақсимоти фазоии қувваҳои истеҳсолкунандаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таҳмина Талабова, докторанти PhD-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Довуд Ализода, ҳамоҳансози SASSE, мутахассиси шуъбаи аккредитатсия ва сертификатсияи донишгоҳҳо ва Майки Удам, назоратчии EKKA аз наздик ба шароит ва имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ шинос шуданд. 
Онҳо аз синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ, китобхона, толорҳои хониш ошно шуда, аз рӯи реҷаи муайян бо шахсони мутасаддӣ – роҳбарони сохторҳои алоҳида дар бораи фаъолияти самтҳои таълим, тарбия, илм, хоҷагидорӣ, стратегияи рушди донишгоҳ, нақшаҳо барои оянда, идоракунии умумӣ ва молиявӣ, таъмини раванди таълим, махсусиятҳои таҳсилоти фосилавӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мониторинги таълим суҳбатҳо гузарониданд. 
Комиссия ду рӯзи дигар дар донишгоҳ корашро идома медиҳад.