Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ

Бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. 
Мадислом Раҳмонов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон аз ҳар гуна олудагиҳо ва риояи тарзи гуфтори адабӣ дар байни ҷавонон ва махсусан донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ибрози андеша намуд. 
Дар идома Собирҷонов Солеҳҷон, н.и.ф., дотсенти кафедра доир ба нақши забоншиносон дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлолият маърӯза намуд. Номбурда зикр дошт, ки роҳбарияти олии кишвар баҳри такомули забони тоҷикӣ ҳамвора тадбирҳо меандешанд. Забони шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва нуфузу шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад. Инчунин, ишора гардид, ки ҳар як сокини кишвар бояд забони шево ва гуфтори некуро аз бар намуда, онро ҳамчун як рукни миллӣ эҳтиром гузорад. 
Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён дар мавзӯъҳои вобаста ба нақши забони адабӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи забони модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маърӯза ва шеърҳо дар бораи забони давлатӣ шунида шуд.