Хабарҳо
Тавзеҳи моҳияти интихобот
Иштироки ҳар як шаҳрванд дар интихобот ҳатмӣ буда, ин маъракаи сиёсӣ бозгӯи рушди демократия дар кишвар аст, чунин баён дошт зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни ДДМИТ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ки санаи 7-уми октябри соли равон баргузор гардид.
Дар оғоз ректор Шукрулло Хайрзода оид ба ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ибрози андеша намуд. Ректор мақсаду моҳияти баргузории вохӯриро шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи муҳимтарин маъракаи сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин маърака дар таърихи имрӯзу ояндаи ватан ва миллати мо нақшгузори калидӣ ба шумор меравад. Мавсуф илова дошт, ки ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан насли ҷавони ин сарзаминро мебояд бо иродаи қавии сиёсӣ ва маърифати волои ҳуқуқӣ санаи 11 октябр ба участкаҳои овоздиҳӣ ҳозир шуда, аз мавқеи номзаде ҷонибдорӣ намоянд, ки кишвар ва миллати моро ба сӯйи ояндаи дурахшон мебарад.
Сипас Абдулло Раҳмонзода сухан намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба давраҳои гуногуни таърихи давлатдории миллӣ ҷалб намуд. Инчунин дар рафти суҳбат мавсуф аз фаъолияти давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши меҳварӣ доштани ӯ дар бунёди давлатдории муосири миллӣ ёдрас шуд. Ҳамзамон А.Раҳмонзода вобаста ба моҳияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид дошт, ки ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст воқеияти ҷаҳони имрӯз ва замони давлатдории муосири моро дарк ва мавқеи нафареро ҷонибдорӣ намоянд, ки кафолати фардои дурахшони Тоҷикистон бошад.
Дар идома вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳакаратҳои ифротӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ миёни ҷавонон андешаҳои ҷолиб карда шуд.
Нуралӣ Раҳимзода