Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Докторантон аз муҳокимаи назди кафедра мегузаранд

Докторантон аз муҳокимаи назди кафедра мегузаранд

Бо таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шароит фароҳам омад, ки устодон, унвонҷӯён ва докторантон дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. 
Ин навбат санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ, рисолаи илмии докторант барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Каримов Рустам Илҳомович дар мавзӯи «Рушди инфрасохтори бозори хизматҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии д.и.и., профессор Комилов Сироҷиддин Ҷалолиддинович дар муҳокимаи якҷояи кафедраҳои назарияи иқтисодӣ ва менеҷменти донишгоҳ баррасӣ гардид. 
Дар рафти муҳокима докторант оид ба мубрамияти мавзӯи таҳқиқот, муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт ва навгониҳои пажӯҳиш изҳори ақида намуд. Инчунин дар муҳокима муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ баромад намуда, барои боз ҳам мукаммал гаштани таҳқиқоти мавзӯъ ба докторант Рустам Каримов тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.