Хабарҳо
Лоиҳа баҳри сарфаи хароҷоти донишҷӯён
Бо мақсади иттилоотнок гардонидани донишҷӯён аз лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» ҷиҳати пайвастшавӣ ба тарофаҳои бемаҳдуди «Нимсола» ва «Солона»-и донишҷӯ санаи 9-уми октябри соли равон дар ДДМИТ вохӯрии Ҷомӣ Шарипов, роҳбари лоиҳа ва Маҳинбону Шарифӣ, сардори бахши маркетинги лоиҳа доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит, ҳамзамон дастгирии иҷтимоии сокинон ва меҳмонони пойтахт аз 28-уми августи соли 2020 аз ҷониби лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» тарофаи бемаҳдуди «Нимсола» ва «Солона» барои категорияҳои «Хонанда», «Донишҷӯ» ва «Шаҳрванд» пешниҳод карда шудааст. Дар ҳолати пайвастшавии донишҷӯён ба тарофаи «Донишҷӯ» метавонанд хароҷоти роҳкирои худро як баробар кам кунанд.