Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шиносоии донишҷӯён бо барномаи номзадҳо

Шиносоии донишҷӯён бо барномаи номзадҳо

Бо ташаббуси факултети молия ва қарз дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ сарпарасти гурӯҳи молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук Б. Ахмедова оид ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо изҳори андеша кард. Номбурда иштирокдоронро бо мазмуну мундариҷа ва мақсади барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба таври мухтасар шинос намуд. 
Б. Ахмедова зикр кард, ки барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо аз рӯйи мазмуну мундариҷа ва мақсадҳо ба таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ҳифзи музаффарияти истиқлол ва бехатарии давлат, рушди босуботи иқтисоди мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, коммуникатсионӣ, дар маҷмӯъ, баҳри баланд бардоштани некуаҳволии мардум бахшида шудаанд. 
Бояд ёдовар шуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад.