Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Моделсозии таъсири қурби асъор ба ММД

Моделсозии таъсири қурби асъор ба ММД

Санаи 10-уми октябри соли равон дар факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт семинари “Муҳаққиқони ҷавон” дар мавзӯи “Моделкунии таъсири қурби асъор ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” баргузор гардид. 
Вобаста ба мавзӯъ Шаҳриёр Турахонзода, ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт баромад карда, асосҳои назариявии алоқамандӣ ва таъсири мутақобилаи қурби асъор ва ММД-ро мавриди таҳлил қарор дод. 
Номбурда, ҳамчунин, самтҳои асосии мубоҳисаи илмӣ оид ба алоқамандии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат барои омӯхтани мақсади гузошташуда дар татбиқи механизми таъсиррасонӣ ба идоракунии тағйирёбии қурби асъори миллиро дар маърӯза баррасӣ кард. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷамъоварии маълумот маълум гардид, ки таъсири қурби асъори миллӣ дар ММД-и кишвар саҳми арзанда дошта, яке аз масъалаҳои актуалӣ барои ноил гаштан ба мақсадҳои стратегии кишвар мебошад. 
Дар анҷом масъалаҳои ҳолати ноустувории иқтисодӣ, қурби асъор, тавозуни савдо дар бахши берунаи иқтисодиёти кишвар ва модели эконометрикӣ аз нуқтаи назари илмӣ мавриди суолу ҷавоб қарор гирифт.