Хабарҳо
Сохтмони бинои нави таълимӣ босуръат идома дорад
Бо талошҳои пайвастаи роҳбарият ва аҳли коллективи донишгоҳ шароит барои таҳсил дар ДДМИТ рӯз то рӯз беҳтар ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир гардида истодааст. Ин аст, ки барои васеъ намудани ҷойи нишаст ва шароити хуби таълим дар ҳудуди муассиса бунёди бинои нави чорошёна бо таҳхонааш бомаром идома дорад.
Хишти аввали бино санаи 27-уми августи соли равон бо иштироки ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода гузошта шуд. Бинои таълимии нав аз ҷониби ширкати сохтмонии «Дилшод Company» сохта, ба истифода дода мешавад. Айни ҳол қисмати таҳхона ва ошёнаи якуми бино баланд карда шуд. Рӯзҳои наздик сохтмончиён корҳои сохтмонии ошёнаи дуюмро оғоз мекунанд.