Хабарҳо
Вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз
Бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъи таълим ва тарбияи донишҷӯёни соли аввал санаи 15-уми октябри соли равон вохӯрии ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода бо донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз баргузор гардид.
Дар оғоз дотсент Шукрулло Хайрзода донишҷӯёнро, ки зиёда аз 400 нафар ҳузур доштанд, аз номи раёсати донишгоҳ ва кулли устодон барои ноил шудан ба номи донишҷӯӣ ва дохил шудан ба ДДМИТ сидқан табрик гуфт.
Дар идома ректор риояи ҳамаи талаботи қонунгузорӣ ва дохилидонишгоҳиро, ки раванди таҳсили донишҷӯёнро фаро мегирад, зарурӣ ва ҳатмӣ шуморид. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба фаъолнокии донишҷӯён дар раванди таълим ва азхудкунии фанҳо дода шуда, садорати факултаҳо муваззаф шуданд, ки ба риояи талаботи ҷорӣ дар раванди таълиму тарбия аз ҷониби донишҷӯён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ таклифу пешниҳодоти донишҷӯён аз ҷониби ректор шунида шуда, барои робитаи зич барқарор кардан бо устодону деканони факултетҳо аз ҷониби роҳбарият тавсияҳо дода шуд.