Хабарҳо
Мулоқоти Шукрулло Хайрзода бо донишҷӯёни пирӯз
Тавре ки гузориш дода будем, тайи чанд рӯзи охир вохӯрии ректори ДДМИТ бо донишҷӯёни курси якум баргузор гардида истодааст. Санаи 19-уми октябри соли равон мулоқоти ректор Шукрулло Хайрзода бо донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои аввалиндараҷаи таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт. Ректор дар ҷараёни суҳбат бо донишҷӯёни пирӯз аз пешравиҳо ва шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ ёдовар шуд. Шукрулло Хайрзода, инчунин, таваҷҷуҳ зоҳир кардани донишҷӯёнро барои аъзошавӣ ба китобхонаи илмии ДДМИТ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои такмил ва ташаккулдиҳии зеҳнӣ ва касбӣ зарур шуморид.
Дар рафти вохӯрӣ роҳбарияти донишгоҳ ташаббусҳои донишҷӯёни фаъолро вобаста ба иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ-байналхалқӣ, чорабиниву ҷашнҳои илмӣ ва конфронсу семинарҳо ёдовар шуд. Дар фарҷоми мулоқот таклифу пешниҳодоти донишҷӯёни факултаҳо аз ҷониби ректор шунида шуда, барои бароҳмонии низоми муосири таълим ва раванди дурусти тарбия дар муассиса тавсияҳо дода шуд.