Хабарҳо
Вохӯрӣ бо донишҷӯёни соли аввал
Санаи 21-уми октябри соли равон вохӯрии навбатии ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода бо донишҷӯёни курси якуми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гардид.
Ш. Хайрзода зимни баромад ба масъалаҳои таълиму тарбия дар муассиса таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Гуфта шуд, ки риояи ҳамаи талаботи қонунгузорӣ ва дохилидонишгоҳӣ зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба фаъолнокии донишҷӯён дар раванди таълим, аъзошавӣ ба китобхонаи илмӣ, гирифтани стипендия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барномасозӣ ва азхудкунии фанҳо дода шуд.
Дар интиҳо таклифу пешниҳодоти донишҷӯён аз ҷониби ректор шунида шуда, барои робитаи зич барқарор кардан бо устодону деканони факултетҳо тавсияҳо дода шуд.