Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Бо ташаббуси нашриёти "Адиб" имрӯз, санаи 23-юми октябр, дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёт аз осори адибони классику муосири тоҷику форс баргузор гардид.
Аҳли раёсати ДДМИТ ва тамоми устодону донишҷӯён дар намоиши мазкур ширкат карда, беҳтарин китобҳоро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд. Таваҷҷуҳи беандозаи устодон ва донишҷӯёни ин даргоҳ ба китобҳои пешниҳодшуда бори дигар аз мақоми шоиста доштани китоб дар ҳаёти онҳо дарак дод. Дар ин намоиш-фурӯш зиёда аз 150 номгӯйи китобҳои бадеӣ бо теъдоди зиёда аз 5000 ҳазор нусха пешниҳоди дӯстдорони мутолиа гардиданд. Иштиёқмандони мутолиа, ҳамчунин имкон доштанд, ки аз ин намоиш-фурӯш китобҳоро аз осори адибони муосири тоҷик ва нависандагони ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастрас намоянд.
Чун аънана дар ин намоиш-фурӯш низ шоирону нависандагони маъруфти тоҷик, аз ҷумла Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Абдуғаффор Абдуҷаббор ва дигарон иштирок намуда, ба китобҳои харидаи иштирокдорон соядаст гузоштанд.
Зиёд гардидани чунин намоишҳои китоб боиси оммавигардонии мутолиа ва ташаккули иқтидори зеҳнии мутахассисони оянда мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати омоданамоии донишҷӯёни донишгоҳ барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ки бо Амри Пешвои миллат ҳамасола баргузор мегардад, кумак хоҳад кард.

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg