Хабарҳо
Шанбегӣ аз ҷониби донишҷӯён
Дар доираи вусъати корҳои ободонӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳои эпидемеологӣ ва риояи гигенаи санитарӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани муҳити атроф санаи 24-уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз шанбегӣ баргузор гардид.
Зимни шанбегӣ буттаю алафҳои бегона тоза, дарахтонро бо маҳлулҳо тозаю озода карда, роҳравҳо ва атрофи майдончаи варзишӣ ба тартиб дароварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри зебою озода гардонии муҳити донишгоҳ пайваста корҳои ободонӣ гузаронида мешавад.