Хабарҳо
Оғози футболи хурд бахшида ба Рӯзи Президент
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш дар миёни устодону кормандони сохторҳои донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти Ҷоми ректор таҳти шиори «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии муассиса оғоз ёфт.
Дар ифтитоҳи мусобиқа ректор Шукрулло Хайрзода иштирок ва суханронӣ намуд. Ш. Хайрзода зимни баромад иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ бо мақсади равнақ бахшидани муттаҳидию дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тарғиб, ташвиқ ва рушди варзиш, инчунин, муайян намудани беҳтарин дастаи футболи хурд байни устодону кормандон мусобиқаи мазкурро ташкил намуд.
Ҳамчунин, пеш аз оғози мусобиқа Суруди миллӣ садо дода баъдан миёни дастаҳо бозӣ оғоз ёфт.
Ёдовар бояд шуд, ки ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.