Хабарҳо
Шанбегӣ баҳри вусъату корҳои ободонӣ
Санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва таҷлили ҷашни “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси нақша- чорабиниҳо оид ба баргузории аксияҳои ободиву созандагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.
Шанбегӣ барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи гузаргоҳҳои донишгоҳ сурат гирифт. Дар рафти шанбегӣ ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо мулоим карда шуд.